Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои олимпии зимистонаи наврасон ҷамъбаст шуд

Бозиҳои олимпии зимистонаи наврасон ҷамъбаст шуд Бозиҳои олимпии зимистонаи наврасон ҷамъбаст шуд

23.01.2020

: 66

22 январ бо баргузории як маросими пуршукуҳ ва хотирмон дар Лозаннаи Швейтсария 3-юм Бозиҳои олимпии зимистонаи наврасон анҷом ёфт.

Дар чорабинии ҷамъбастӣ президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва Президенти Давлати Швейтсария Вирҷини Файовра иштирок карданд.
Маросими ҷамъбастӣ чун анъана бо гузашти варзишгарон оғоз гардид, ки дар он 900 варзишгар аз 76 кумитаи миллии олимпӣ иштирок карданд. Онҳо имкон пайдо намуданд, ки дар пойтахти олимпӣ охирин маротиба дастоварди худро ҷашн бигиранд.
Пас аз он ки Томас Бах 3-юм Бозиҳои олимпии зимистонаи наврасонро пӯшида эълон кард, дар муроҷиат ба варзишгарони ҷавон иброз намуд, ки “пас аз 4 сол дар Кореяи Ҷанубӣ ҷамъ меоем!”. Парчами олимпӣ аз ҷониби ду варзишгари ҷавони Лозанна – Мари Кристе ва Валерио Ҷаду ба намояндагони мизбони БОН-2024 – Гангвон – Ви Мин Сео ва Чан Сун-Ву тақдим шуд.
Маросими ҷамъбасти бозиҳо бо хомӯш кардани оташи олимпӣ, ки давоми ду ҳафта фурӯзон буд, анҷом ёфт.
Дар ҳисоби ғайрирасмии медалҳо дастаи Руссия бо ба даст овардани 29 медал – 10 тилло, 11 нуқра, 8 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол кард. Давлати мизбон – Швейтсария, ки 24 медал – 10 тилло, 6 нуқра, 8 биринҷӣ – ба даст овард, ҷои дуюмро сазовор шуд. Зинаи сеюми ҷадвалро Ҷопон бо 17 медал – 9 тилло, 7 нуқра, 1 биринҷӣ – ишғол намуд. Умуман, варзишгарони 33 давлат аз 76 давлати иштирокчӣ соҳиби медал гаштанд.