21.01.2020
: 1183
Чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии интихобии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бар тими “Локомотив”-и Узбекистон ғалаба карда, ба даври плей-офф роҳ ёфт.
Вохӯрии дастаҳо 21 январ дар варзишгоҳи “Локомотив”-и шаҳри Тошканд доир гашт. Голи ягона ва пирӯзибахшро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 60-ум зад.
Акнун дастаи Душанбе барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 дар сафар бо дастаи “Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо 28 январ соати 17:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Лигаи чемпионҳои КФО-2020
Минтақаи Ғарб
Марҳилаи дуюми интихобӣ
«Локомотив» (Узбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 0:1
Гол: Алишер Ҷалилов, 60.
Плей-офф
28 январ (сешанбе)
«Ал-Аҳлӣ» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)