Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КБО санаи баргузори БОН-2022-ро тасдиқ кард

10.01.2020

: 182

Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) 22 октябр то 9 ноябри соли 2022-ро санаи баргузории 4-ум Бозиҳои олимпии наврасон дар Дакар тасдиқ кард. Ин аввалин бозиҳои олимпӣ дар қораи Африқо хоҳад буд.

Ин тасмим баъд аз машварат бо кумитаҳои миллии олимпӣ, федератсияҳои байналмилалии варзишӣ ва Комиссияи варзишгарони КБО гирифта шуд.
Барои варзишгарони бештари кишварҳо ин марҳалаи хуб барои барномаи мактабӣ мебошад. Аз лиҳози климат бошад, бозиҳо дар оғози мавсими хушкӣ доир хоҳад шуд. Барои Сенегал ин замон ба Рӯзи ҷавонони Африқо (1 ноябр) рост меояд ва хонандагон барои иштирок дар чорабиниҳо имкони бештар доранд.  
Кумиҷроияи КБО, инчунин пешниҳоди Кумитаи тадорукоти Дакар-2022-ро ҷиҳати ворид кардани намудҳои варзиши бейсбол ва ушу ба барномаи бозиҳо ҷонибдорӣ кард. Дар мусобиқаи бейсбол дастаи омехта иборат аз 4 мард ва 4 зан ширкат мекунанд. Ин намуди варзиш дар қораи Африқо хеле рушд кардааст. Мусобиқаи ушу бошад, бори аввал ба барномаи Бозиҳои олимпии наврасон ворид гардид ва аз рӯи 4 қувваозмоӣ (2 қувваозмоӣ миёни писарон, 2 қувваозмоӣ миёни духтарон) сурат мегирад.