Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Душанбе Чемпионати CAFA оид ба футзал миёни духтарон доир мегардад

09.01.2020

: 151

Таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аввалин мусобиқаи футзал баргузор мешавад.

Аз 24 то 29 январ шаҳри Душанбе мизбони Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола хоҳад буд. Дар чемипионат 6 даста – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон - иштирок мекунанд. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд.
Дар доираи Чемпионати CAFA-2020 миёни духтарони то 19-сола ҳамагӣ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.
Дар мусобиқа Тоҷикистонро тими мунтахаби бонувони ҷавон оид ба футзал бо роҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев намояндагӣ мекунад.

Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола

1-ум давр
24 январ (ҷумъа)
Эрон – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Афғонистон
Узбекистон – Туркманистон

2-юм давр
25 январ (шанбе)
ТОҶИКИСТОН – Туркманистон
Узбекистон – Қирғизистон
Эрон – Афғонистон

3-юм давр
26 январ (якшанбе)
Туркманистон – Эрон
Афғонистон – Узбекистон
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

4-ум давр
28 январ (сешанбе)
Қирғизистон – Туркманистон
Афғонистон – ТОҶИКИСТОН
Узбекистон – Эрон

5-ум давр
29 январ (чоршанбе)
Туркманистон – Афғонистон
Эрон – Қирғизистон
ТОҶИКИСТОН – Узбекистон