Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи КМОТ доир гашт

Ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи КМОТ доир гашт Ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи КМОТ доир гашт Ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи КМОТ доир гашт

31.12.2019

: 271

30 декабр ҷаласаи ҷамъбасти соли Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд.

Аъзои Кумитаи иҷроия масъалаҳои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро баррасӣ карданд.
Қайд гардид, ки вазифаи муҳими Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ дар соли 2020 ба даст овардани роҳхат ва иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошад. Дар ин робита бо қарори Кумитаи иҷроия ба рӯйхати гирандагони дастгирии молиявии варзишгарон - Токио-2020 тағйирот ворид карда шуд, ки дар натиҷа, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ ва омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ варзишгарони намуди бокс Баҳодур Усмонов ҳар моҳ дар ҳаҷми 950 доллари ИМА ва Нилуфар Бобоёрова ҳар моҳ дар ҳаҷми 200 доллари ИМА кӯмакпулӣ дарёфт мекунанд. Қайд гардид, ки илова бар маблағҳои пешбинишуда дар доираи барномаи дастгирии молиявии олимпӣ Ҳамбастагии олимпӣ хароҷоти роҳи 14 варзишгарро барои иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ дар ҳаҷми 45000 доллари ИМА пардохт хоҳад кард.  
Инчунин, дар ҷаласа нақшаҳои сеҷонибаи маблағгузории дастаҳои мунтахаб миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои варзишӣ муҳокима гардида, барои тасдиқ пешниҳод шуд.
Дар идома гирандагони дастгирии молиявии варзишгарон – Пекин-2022 тасдиқ шуд, ки дар асоси он 2 варзишгари намуди лижаронӣ – Сайфиддини Низомиддин ва Ғоибов Баҳриддин аз моҳи ноябри соли 2019 то феврали соли 2022 ҳар моҳ 1500-долларӣ дарёфт намуда, барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 талош мекунанд.
Сипас, гузориш оид ба 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё – Санйа-2020 шунида шуд. Қайд гардид, ки 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё аз 28 ноябр то 6 декабри соли оянда дар шаҳри Санйаи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад. Ба барномаи бозиҳо 17 намуди варзиш - баскетболи соҳилӣ (3х3), акватлон (шиноварӣ ва дав), варзиши сабук, варзишҳо дар об (тӯббозӣ дар об, марафони кушоди шиноварӣ, шиноварӣ), волейболи соҳилӣ, вудболи соҳилӣ, гуштини соҳилӣ, заврақронӣ, кабаддии соҳилӣ, катерронӣ дар об, қайиқи дракон, мавҷбозӣ (кайтсерфинг, виндсерфинг), параплан, теқбол, футболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, шӯхпаймоӣ – ворид гардидаанд. Варзишгарони мо дар намудҳои баскетбол, шиноварӣ, варзиши сабук, акватлон, волейболи соҳилӣ, гуштини соҳилӣ имкони иштирок дар бозиҳоро доранд.
Таъкид шуд, ки дар панҷ бозии гузашта Тоҷикистон иштирок карда, сазовори 5 медал – 1 тилло, 4 биринҷӣ гаштааст. Медали тиллоро дар Пҳукети Тайланд соли 2014 Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар намуди кураш ба даст овардааст. Дар ҳамин бозиҳо Саидҷалол Саидов дар намуди кураш ва Ҷомӣ Латифов дар намуди муайтай сазовори медали биринҷӣ гардидаанд. Ду медали дигари биринҷиро Фирӯз Давлатов ва Азизҷон Азизов соли 2010 дар Маскати Уммон дар намуди бодибилдинг ба даст овардаанд.
Супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо федератсияҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян ва тибқи муқаррароти кумитаи тадорукоти бозиҳо ба қайд гирифта шаванд.
Дар ҷаласа масъалаҳои дигари соҳа баррасӣ гардида, вазифаҳо барои соли 2020 муайян карда шуданд.