26.12.2019
: 1606
Тибқи қарори Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис миёни наврасон ба руйхати мусобиқаҳои ITF ворид карда шуд.
Бино ба иттилои котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон Мирҳусейн Яҳёев, мусобиқаи байналмилалии теннис миёни ҷавонони то 18-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз ин пас рейтингӣ маҳсуб меёбад ва аз рӯи дараҷаи G-4-и Федератсияи байналмилалии теннис баргузор мешавад.
Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар баробари Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ҳамчунин мусобиқаҳои байналмилалии Ҷоми Тоҷикистон, Ҷоми федератсия ва Ҷоми шаҳри Душанберо аз рӯи дараҷаи G-5 доир менамояд.
Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис миёни наврасон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2005 ҳар сол баргузор мешавад.
Мақсад аз баргузории мусобиқа рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон мебошад.
Соли 2020 мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис аз 30 август то 5 сентябр доир гашта, дар он намояндагони беш аз 30 давлати дунё иштирок хоҳанд кард.