Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи баскетбол: марҳилаи аввал бо пирӯзии “Душанбе” анҷом ёфт

11.12.2019

: 165

Марҳилаи аввали лигаи баскетболи Тоҷикистон бо пирӯзии клуби баскетболи “Душанбе” ба анҷом расид.

Баскетболбозони “Душанбе” дар ҳафт бозӣ ҳафт ғалаба ба даст оварданд ва бо 14 хол дар садри ҷадвал қарор доранд. Дастаи “Фойтун” бо фарқияти ду хол дар зинаи дуюм мавқеъ гирифт. Ин тими дар ҳафт бозӣ 5 ғалаба ба даст оварда, ду бозиро мусовӣ кард. “Diesel Power” бо 11 хол ҷои сеюмро ишғол мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар Лигаи баскетболи Тоҷикистон 8 даста иштирок доранд: “Душанбе”, “Фойтун”, “Diesel Power”, “Легендҳо”, “Зуҳро”, “33”, “DIS”, “Беркут”.
Бозиҳои марҳилаи дуюми Лигаи баскетболи Тоҷикистон 8 декабр оғоз мегардад. Дар ин рӯз “33” бо “DIS”, “Душанбе” бо “Фойтун” ва “Беркут” бо “Легендҳо” вомехуранд.

     Б      Ғ      Б      М       Т/Т             Х      
 1    КБ "Душанбе"                     7  7  0  0  702-346  14
 2  КБ "Фойтун"  7  5  2  0  538-424  12
 3  КБ "Diesel Power"   7   4   3   0   563-493   11 
 4   КБ "Легендҳо"   7   4   2   1    517-508   10 
 5   КБ "Зуҳро"   7   3   4   0   435-541   10 
 6   КБ "33"   7   2   5   0   437-544   9 
 7   КБ "DIS"   7   1   6    0   395-588   8 
 8   КБ "Беркут"   7   1   5   1   415-558   7