Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ситораҳои дзюдо дар Қингдао ҷамъ меоянд

10.12.2019

: 530

12-14 декабр дар шаҳри Қингдаои Чин мусобиқаи ситораҳои дзюдо – охирин чорабинии силсила-мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо доир мегардад.

Тибқи низомнома дар мусобиқа 32 варзишгари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ аз рӯи радабандии ҷаҳонии IJF дар асоси даъватнома иштирок мекунанд. Бори аввал дар таърихи дзюдои кишвар чор варзишгари тоҷик ба ин мусобиқа даъват шудаанд – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (вазни -73кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг).
Сомон феълан дар ҷои 17-уми вазни -73кг-и радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ дорад. Беҳрӯз бошад, дар зинаи 20-уми ҳамин вазн қарор гирифтааст. Комроншоҳ ҷои 18-уми вазни -90кг, Темур бошад, ҷои 27-уми вазни +100кг-ро ишғол кардаанд.
Дар мусобиқаи ситораҳои дзюдои ҷаҳон, тибқи иттилои сомонаи расмии IJF, 448 варзишгар (230 мард, 218 зан) аз 67 давлат иштирок хоҳанд кард. Қувваозмоиҳо аз рӯи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон – сурат мегирад. Варзишгароне, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол менамоянд, дар баробари медал, бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷои аввал 9000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 6000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 3000-долларӣ пешбинӣ шудааст. Варзишгарон, ҳамчунин соҳиби хол гардида, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар менамоянд. Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон соҳиби 200 хол мегарданд. Барои ҷои аввал 1800 хол, барои ҷои дуюм 1260 хол, барои ҷои сеюм 900 хол, барои ҷои панҷум 648 хол, барои ҷои ҳафтум 468 хол пешбинӣ гардидааст.

Мавқеи варзишгарони мо дар радабандии олимпӣ тариқи зайл аст:



Барномаи “IJF Qingdao Masters 2019”:

12 декабр
Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг; Mардҳо: -60кг, -66кг

13 декабр
Бонувон: -63кг, -70кг; Mардҳо: -73кг, -81кг

14 декабр
Бонувон: -78кг, +78кг; Mардҳо: -90кг, -100кг, +100кг