Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Соро Компания” – ғолиби лигаи касбии футзали Тоҷикистон

09.12.2019

: 290

Клуби “Соро Компания”-и шаҳри Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дуюм сол пайиҳам ғолиби лигаи касбии футзали Тоҷикистон гардид.

Дар чорум бозии финалии Чемпионати Тоҷикистон “Соро Компания” 8 декабр клуби “Сипар”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 5:2 мағлуб намуд. Ҳисоби умумии силсилабозиҳои финалӣ – 3:1 ба фоидаи душанбегиҳо.
Ҳамин тариқ, “Соро Компания” дуюм маротиба чемпиони Тоҷикистон гардид ва мисли соли гузашта кишвари моро дар Чемпионати клубҳои футзали Осиё намояндагӣ мекунад.
Медалҳои нуқра насиби дастаи “Сипар”-и Хуҷанд ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Помир”-и ВМКБ шуд.