Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими олимпии Тоҷикистон аввалин бозиашро дар Чин доир кард

09.12.2019

: 311

Тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-22) дар аввалин бозии мусобиқаи «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019» дар Жуҳай аз мунтахаби Чин мағлуб гашт.

Бозӣ, ки шоми 8 декабр доир шуд, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Ягона голро дар ҳайати тими Тоҷикистон ҳамлавари “Истиқлол” Шериддин Бобоев зад.
Дар бозии дигари мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин мунтахаби Сурия бар тими Малӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Бозиҳои даври дуюм 11 декабр баргузор мешаванд. Ин навбат тими олимпии кишвар муқобили Малӣ ба майдон мебарояд. Оғози бозӣ – соати 12:00 бо вақти Душанбе.