06.12.2019
: 1200
29-30 ноябри соли равон дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи кушод оид ба гимнастикаи бадеӣ баргузор шуд.
Ба иттилои сармураббии дастаи мунтахаби гимнастикаи Тоҷикистон Миҷгона Шарифова, дар ин мусобиқа гимнастбозони мо иштирок карда, маҳорати баланд нишон доданд ва ба гирифтани 6 медал – 5 тилло, 1 нуқра – мушарраф гаштанд.
Медалҳои тиллоро Азизова Иделия миёни духтарони соли таваллудашон 2008, Чиниева Согдиана (2010), Солеҳова Самира (2011), Нурматова Жасмина (2011), Стрелникова Елизавета (2011) ва медали нуқраро Паллаева Ясмина (2014) ба даст оварданд.
Дар мусобиқа 189 варзишгари давлатҳои Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон ширкат намуданд.