Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Рустами Эмомалӣ аз Варзишгоҳи “Миллий”-и Тошканд дидан кард

Рустами Эмомалӣ аз Варзишгоҳи “Миллий”-и Тошканд дидан кард Рустами Эмомалӣ аз Варзишгоҳи “Миллий”-и Тошканд дидан кард Рустами Эмомалӣ аз Варзишгоҳи “Миллий”-и Тошканд дидан кард

05.12.2019

: 96

Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Тошканд бо шароити Варзишгоҳи “Миллий”, ки дар он бозиҳои хонагии дастаи “Бунёдкор” ва тими миллии Узбекистон доир мегардад, шинос шуд.

Сомонаи расмии ФФТ бо истинод аз хадамоти матбуоти Ҳокимияти шаҳри Тошканд хабар додааст, ки ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ бо шароитҳои барои футболбозон ва мухлисон фароҳам овардашуда шинос гардид. Ҳамчунин, зимни боздид аз осорхонаи варзишгоҳ Рустами Эмомалӣ аксҳои Нуриддин Амриев – футболбози собиқадори тоҷикистонии дастаи “Пахтакор”-ро тамошо кард.
Зимни боздид аз Варзишгоҳи “Миллий” Рустами Эмомалӣ бо ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон, довари дар гузашта маъруф Равшан Эрматов мулоқот кард. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки аз моҳи апрели соли 2019 роҳбарии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро бар дӯш дорад, аз рушди футбол дар минтақа изҳори умед намуда, ба роҳ мондани вохӯриҳо байни клубҳои футболи кишварҳои Осиёи Марказиро ба манфиати кор хонд.
Равшан Эрматов, ки дар се чемпионати ҷаҳонии охир ҳакамӣ кардааст, ба Рустами Эмомалӣ пероҳани тими миллии Узбекистонро таҳти рақами 7 тақдим намуд.