Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шӯрои иҷроияи КБО барномаи БОН-2022-ро тасдиқ кард

04.12.2019

: 213

3 декабр Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) барномаи варзишии Бозиҳои олимпии наврасон-2022 дар Дакарро тасдиқ кард, ки аз 33 намуди варзиш иборат буда, бори аввал дар таърихи бозиҳои олимпӣ иштироки баробари писарону духтаронро дар ҳамаи намудҳои варзиш ба нақша гирифтааст.

Таваҷҷуҳи доимӣ ба варзиши ҷавонон аз аввалин Бозиҳои олимпии наврасон дода мешавад. Барои ҳавасмандии олимпичиёни ҷавон ба барномаи бозиҳои Дакар-2022 чор намуди варзише, ки Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 пешниҳод кардааст, ворид шуданд: брекданс, мавҷбозӣ, шӯхпаймоии варзишӣ ва скейтбозӣ. Бозиҳои маъруф миёни ҷавонон, ки дар бозиҳои олимпии гузаштаи наврасон буд, мисли футболи хурд, баскетбол 3х3, чавгонбозӣ 5 соли 2022 низ доир мегарданд, ҳамчунин ҳастанд намудҳои варзише, ки бори аввал ба барнома ворид гардиданд – гуштини соҳилӣ, каратэ мавҷудияташ дар барномаи бозиҳои олимпии наврасонро идома медиҳад.
“Бозиҳои олимпии наврасон Дакар-2022 аввалин чорабинии олимпӣ дар қораи Африқо мебошад, ки барои Сенегал ва Африқо таърихӣ хоҳад буд, - гуфт президенти КБО Томас Бах. – Мусобиқаҳои интихобшуда хоси ҷавононанд ва иштироки баробари писарону духтаронро таъмин мекунанд. КБО коркарди Бозиҳои олимпии наврасонро идома медиҳад. Дар Бозиҳои навбатӣ иштироки беш аз 4500 варзишгари ҷавон ба нақша гирифта шудааст”.