Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби олимпии кишвар бо Чин, Сурия ва Малӣ бозӣ мекунад

29.11.2019

: 89

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019» иштирок мекунад.

Мусобиқа 8-14 декабр дар шаҳри Жуҳайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад. Тими мунтахаби кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо мунтахабҳои олимпии Чин (8 декабр), Малӣ (11 декабр) ва Сурия (14 декабр) вомехурад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр доир мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019»

1-ум давр
8 декабр (якшанбе)
15:00. Сурия – Малӣ
19:35. Чин – ТОҶИКИСТОН

2-юм давр
11 декабр (чоршанбе)
15:00. Малӣ – ТОҶИКИСТОН
19:35. Сурия – Чин

3-юм давр
14 декабр (шанбе)
15:00. ТОҶИКИСТОН – Сурия
19:35. Чин – Малӣ

Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Чин.