Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусобиқаи ҳандбол миёни наврасон ҷамъбаст шуд

28.11.2019

: 223

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳандбол миёни наврасони то 16-сола бо пирӯзии дастаи “Душанбе-1” ба анҷом расид.

Дар мусобиқа, ки 25 ноябр оғоз гардид, 8 даста – дудастаӣ аз шаҳри Душанбе, ВМКБ ва вилояти Хатлон, якдастаӣ аз Суғд ва ШНТМ иштирок карданд. Бозиҳо дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон баргузор шуданд. Дастаҳо дар ду гурӯҳ бозӣ карда, “Душанбе-1”, “Хатлон-2” аз гурӯҳи “А”, “Хатлон-1”, ШНТМ аз гурӯҳи “Б” ба нимфинал роҳ ёфтанд. Дар ин давр ҳандболзбозони “Душанбе-1” бар ШНТМ, “Хатлон-2” бар “Хатлон-1” пирӯз гардиданд.
Дар финал “Душанбе-1” дастаи “Хатлон-2”-ро шикаст дода, ғолиби мусобиқа гардид. Ҷои сеюмро дастаи ШНТМ пас аз мағлуб сохтани “Хатлон-1” соҳиб шуд.