Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КМОТ ба рушди Федератсияи каратэ-до кӯмак намуд

КМОТ ба рушди Федератсияи каратэ-до кӯмак намуд КМОТ ба рушди Федератсияи каратэ-до кӯмак намуд КМОТ ба рушди Федератсияи каратэ-до кӯмак намуд КМОТ ба рушди Федератсияи каратэ-до кӯмак намуд

26.11.2019

: 1203

Бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Барномаи рушди варзиши миллии Ҳамбастагии олимпӣ барои Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон татбиқ гардид.

Дар муддати се моҳ зери роҳнамоии коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Умархон Мадвалиев барои мураббиён, доварон ва кормандони федератсия семинарҳои омӯзишӣ доир гардида, дастурамали қоидаҳои каратэ-до ба нашр расид. Дар доираи барнома, ҳамчунин барои федератсия гилеми варзишии каратэ харидорӣ карда шуд.
Семинарҳои омӯзишӣ аз 1 то 15 сентябр дар шаҳри Турсунзода барои минтақаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз 16 то 30 сентябр дар шаҳри Кӯлоб барои вилояти Хатлон ва аз 1 то 15 октябр дар шаҳри Хуҷанд барои вилояти Суғд доир гаштанд. Барнома ба такмили ихтисоси мураббиён, омӯзиши гузаронидани машқҳои омодагии давра ба давра – аз навшогирдон то иштирок дар мусобиқаҳо, шиносоии доварон бо қоидаҳои нави Федератсияи байналмилалии каратэ-до нигаронида шудааст.
Зимни баргузории семинарҳо масъалаҳои тартиб додани дастурамалӣ илмӣ-методӣ ва омода кардани варзишгарони сатҳи баланд, таҳлили мусобиқаҳои интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020, омӯзиши қоидаҳои техникии доварӣ ва методӣ, қоида ва талаботи каратэ-до, тартиб додани барномаи омода кардани мураббиён ва доварон муҳокима шуд.
Ба чорабиниҳо беш аз 100 нафар мураббиёну доварон ва кормандони масъули федератсия ҷалб карда шуданд.