Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Тоҷикистон низ насиби дастаи “Истиқлол” шуд

25.11.2019

: 1455

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар таърихи мавҷудияташ маротибаи ҳаштум Ҷоми Тоҷикистон оид ба футболро ба даст овард.

Дар финали Ҷоми мамлакат, ки 24 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, клуби футболи Душанбе бар тими “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ғалаба кард. Вақти асосии дидор мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи футболбози дастаи Душанбе Комрон Турсунов дар дақиқаи 12-ум, Нозим Бобоҷонов аз дастаи “Регар-ТадАЗ” дар дақиқиаи 32-юм аз пеналтӣ ҷавоб дод. Дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра футболбозони “Истиқлол” маҳорати баланд нишон доданд – 4:2. Дарвозабони “Истиқлол” Рустам Ятимов беҳтарин футболбози бозии финалӣ эътироф шуд.
Дастаи “Истиқлол” имсол, ҳамчунин дар Чемпионати Тоҷикистон ғолиб омад.
Бо шарофати ғалабаи “Истиқлол” дар Ҷоми Тоҷикистон барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон – дастаи “Хуҷанд” ҳуқуқ пайдо кард, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми КФО-2020 намояндагӣ кунад. Шогирдони Виталий Левченко аз даври плей-офф мусобиқаро оғоз мекунанд.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 маротибаи 28-ум баргузор шуд. Аз ҳама бештар “Истиқлол” ҳашт бор Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ” шаш бор, “Хуҷанд” чор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якмаротибаӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

НАТИҶАҲОИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992 – 2019):
1992. «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993. «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
1994. «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995. «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
1996/1997. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998. «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998. «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999. «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
2000/2001. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002. «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004. «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
2006. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
2008. «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009. «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
2013. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2016. «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
2017. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:2.