Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Президент

17.11.2019

: 246

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва федератсияҳои варзишӣ як қатор мусобиқаҳои варзишӣ баргузор шуданд.



Аз ҷумла, 14 ноябр дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасони то 14-сола барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи “СССР” оғоз гардид, ки 17 ноябр анҷом меёбад. Дар мусобиқа 6 даста – дудастаӣ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, ВМКБ ва Суғд иштирок доранд.





16 ноябр дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе пойгаи аспдавонӣ доир гашт, ки дар он 34 сар аспҳои зоти тоҷикӣ ва омехта ширкат намуданд. Ғолибон бо маблағҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.



Шаҳри Хуҷанд бошад, макони баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ буд. Мусобиқа 15-16 ноябр бо иштироки беш аз 80 варзишгари вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор шуд. Варзишгарон дар масофаҳои гуногун сабқат намуда, дар натиҷа дар ҳайати даставӣ ҷойи аввалро шиноварони Душанбе-1, мақоми дуюмро Душанбе-2 ва зинаи сеюми ифтихориро дастаи Суғд ба даст оварданд. Аз ҷониби раиси вилояти Суғд ва роҳбарияти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорон медалу диплом ва Ҷоми мусобиқа тақдим гардид.



Самбочиёни навраси ҷумҳурӣ дар ноҳияи Балҷувон миёни ҳам сабқат карданд. Дар мусобиқа беш аз 150 нафар наврасони соли таваллудашон 2002-2004 иштирок намуданд. Ғолибон бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.