Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Устуворӣ дар варзиш: сеюм семинари омӯзишӣ дар Турсунзода

Устуворӣ дар варзиш: сеюм семинари омӯзишӣ дар Турсунзода Устуворӣ дар варзиш: сеюм семинари омӯзишӣ дар Турсунзода

15.11.2019

: 218

Бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи устуворӣ дар варзиши Ҳамбастагии олимпӣ дар шаҳри Турсунзода семинари омӯзишӣ оғоз гардид.

Дар семинар 25 нафар масъулони соҳаи варзиши шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доранд.
Ин сеюм семинари омӯзишӣ аз се давраи Барномаи устуворӣ дар варзиши Ҳамбастагии олимпӣ мебошад. Давраи аввал аз 31 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Бохтар барои масъулони соҳаи варзиши вилояти Хатлон, даври дуюм 4-6 ноябр дар шаҳри Бӯстон барои масъулони соҳаи варзиши вилояти Суғд доир гашт.
Ба иштирокчиён сармутахассиси Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ҷамолиддин Исматуллозода, мудири Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зубайдулло Маҳмадуллоев, директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эркин Латипов дар мавзӯъҳои варзиш ва муҳити зист, идоракунии ташкилоти варзишӣ, банақшагирии мусобиқаҳо, омода кардани тақвими мусобиқаҳои варзишӣ, ташкил ва баргузор кардани зина ба зинаи мусобиқаҳо, барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020, оқибати истифодаи доруҳои мамнуъ дар варзиш, вазифаҳои Ташкилоти ҷаҳонии зидди допинг, муқаррароти Кодекси ҷаҳонии зидди допинг ва ғайра маърӯза мехонанд.
Дар анҷом иштирокчиёни семинар соҳиби сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ мегарданд.