Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Марҳилаи интихобии ЧҶ-2022: Тоҷикистон дар сафар бозиро бар Мйанма бохт

15.11.2019

: 195

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври панҷуми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” дар сафар аз тими Мйанма бо ҳисоби 3:4 шикаст хурд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозингарони мо дар ин дидор ба хатоҳои зиёд роҳ доданд ва ҳариф тавонист 4 тӯбро вориди дарвозаи тими футболи мо кунад.  
Дар бозӣ бо Мйанма дар ҳайати Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ду гол, Фарҳод Восиев як гол ба ҳадаф расонданд.
Дар бозии дигари гурӯҳ мунтахаби Ҷопон дар Бишкек ба дарвозаи тими Қирғизистон 2 голи беҷавоб зад.
Пас аз натиҷагирии панҷ давр тими мунтахаби Ҷопон бо 12 хол дар садри ҷадвали гурӯҳи “F” мебошад. Ҷойҳои дуюму сеюмро мунтахабҳои Қирғизистону Тоҷикистон бо 6-холӣ ишғол мекунанд. Дастаҳои Муғулистону Мйанма бо 3-холӣ дар ду ҷои охир қарор доранд.
Дар даври шашуми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар қораи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар сафар бо Қирғизистон бозӣ мекунад. Ин дидор 19 ноябр дар шаҳри Бишкек соати 19:00 (бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.