Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

2 медали биринҷии самбочиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

2 медали биринҷии самбочиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон 2 медали биринҷии самбочиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон 2 медали биринҷии самбочиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

11.11.2019

: 1191

8-10 ноябр дар шаҳри Чонгҷуи Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор шуд, ки варзишгарони мо 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар чемпионат 463 варзишгар (117 нафар зан) аз 74 давлат аз рӯи се равия – самбои варзишӣ, самбои размӣ ва самбои бонувон – ширкат карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар - Акмалиддин Каримов (вазни -57кг), Хушқадам Хусравов (-62кг), Парвиз Додов (-68кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-74кг), Зафар Олимшоев (-90кг), Одилҷон Сафаров (+100кг) дар самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов (-62кг), Фаридун Одилов (-82кг), Ҷамшед Қосимов (-57кг) дар самбои размӣ бо роҳбарии сармураббӣ Носир Бозоров ба Корея сафарбар гардиданд. Медалҳои биринҷиро Хушқадам Хусравов дар вазни -62кг-и самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов дар вазни -62кг-и самбои размӣ ба даст оварданд. Акмалиддин Каримов (-57кг) ва Зафар Олимшоев (-90кг) ҷои панҷумро ишғол карданд.