Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лагери шиноварони ҷавони Осиё дар Қатар оғоз шуд

Лагери шиноварони ҷавони Осиё дар Қатар оғоз шуд Лагери шиноварони ҷавони Осиё дар Қатар оғоз шуд Лагери шиноварони ҷавони Осиё дар Қатар оғоз шуд

07.11.2019

: 1212

6 ноябр шиноварони ояндаи қораи Осиё дар Лагери ҷавонони Шӯрои олимпии Осиё (ШОО), ки дар маҷмааи обии “Ҳамад”-и шаҳри Доҳаи Қатар оғоз шуд, ширкат карданд.

Дар умум, 98 нафар – 66 шиновар ва 32 мураббӣ – аз 33 кумитаи миллии олимпӣ дар дуюм лагери ҷавонони ШОО, ки имсол ташкил карда шуд, иштирок доранд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба лагер ду шиновар – Садам Рамзиёрзода, Екатерина Бордачева ва мураббӣ Алишер Чингизовро ба Доҳа сафарбар намуд. Синни иштирокчиён аз 17 паст буда, дар оянда барои кишварашон медалҳои мусобиқоти байналмилалиро хоҳанд овард.
“Онҳо имкон доранд дар ҳавзҳои Бозиҳои олимпии соли 2024 ё 2028 бошанд. Ин оғози роҳ аст”, - гуфт Пйер Лафонтен, собиқ сармураббии дастаи олимпии Канада оид ба шиноварӣ, ки Федератсияи байналмилалии шиноварӣ ӯро роҳбари лагер таъин кардааст.
Лагер аз 6 то 14 ноябр дар доираи лоиҳаи “Рушди ҷавонони Осиё”-и ШОО дар ҳамкорӣ бо Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Ассотсиатсияи шиноварии Қатар ва Кумитаи олимпии Қатар баргузор мешавад.
“Ин дуюм лагери ҷавонон дар соли равон мебошад. Қаблан лагер барои скейтбозони ҷавон дар Нанкини Чин доир шуда буд. Лоиҳаи ШОО ва Ҳамбастагии олимпӣ ба дастгирӣ ва рушди ҷавонони Осиё дар самти маориф ва варзиш нигаронида шудааст, - иброз намуд намояндаи ШОО Елена Чакарова. – Ба лагери 9-рӯза мо нафарони зиёдеро аз кишварҳои гуногун ба ҳам овардем, ки якҷо тамрин кунанд, аз ҳамдигар омӯзанд. Агар онҳо бо як забон суҳбат намекунанд, вале бо забони байналмилалии варзишӣ ҳамдигарро дарк менамоянд”.
Варзишгарони мо, ҳамчунин дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба шиноварӣ, ки 7-9 ноябр дар Доҳа баргузор мегардад, ширкат мекунанд.