Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Муғулистон имкон дорад аввалин Бозиҳои сабз миёни ҷавононро гузаронад

06.11.2019

: 978

Муғулистон аввалин Бозиҳои байналмилалии сабз миёни ҷавононро дар соли 2020 бо сарпарастии UNESCO баргузор мекунад.

Ташкилкунандагон ин чорабиниро дар доираи Форуми минтақавии Шӯрои олимпии Осиё/Ҳамбастагии олимпӣ дар Бангкок муаррифӣ карданд ва интизор меравад дар бозиҳо ҳудуди 4000 варзишгари ҷавон иштирок кунанд.
Чорабинии таблиғотӣ вақте шуруъ шуд, ки баргузории бозиҳоро Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO) иҷозат дод. Ҳукумати Муғулистон, Комиссияи миллии Муғулистон оид ба корҳои UNESCO ва Кумитаи миллии олимпии Муғулистон аз ҳамкорони дигари баргузории бозиҳо мебошанд.
Баргузории Бозиҳои байналмилалии сабз миёни ҷавонон аз 13 то 19 сентябри соли 2020 дар пойтахти Муғулистон – Уланбатор – ба нақша гирифта шудааст. Бозиҳои байналмилалии “Бачаҳои Осиё”, ки бояд 15-25 августи соли 2020 дар Муғулистон доир мегашт, бекор карда шуд.
Бозиҳои байналмилалии сабз миёни ҷавонон барои ҳамаи 195 кишвари аъзои СММ дар самти рушди устувор кушода аст ва варзишгарони то 18-сола имкони иштирок дар онро доранд.
Ба барномаи бозиҳо намудҳои камонварӣ, варзиши сабук, баскетбол 5х5 ва 3х3, шоҳмот, шӯхпаймоии варзишӣ, крикет, киберспорт, шамшербозӣ, футбол, ҷиу-ҷитсу, дзюдо, кураш, самбо, тирандозии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, волейбол ва гуштин ворид карда шудаанд.
Ба барномаи бозиҳо дигар категорияҳо низ ворид хоҳанд шуд: Бозиҳои паралимпӣ – варзиши сабук ва баскетбол; Олимпиадаи махсус – шоҳмот ва шамшербозӣ; Бозиҳои сурдолимпӣ – дзюдо ва волейбол.