Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи баскетбол: пас аз 4 давр “Фойтун” пешсаф аст

06.11.2019

: 1058

Ҳар рӯзи якшанбе бозиҳои Лигаи баскетболи Тоҷикистон миёни 8 клуб дар шаҳри Душанбе ҷараён доранд. Пас аз 4 даври бозиҳо клуби баскетболи “Фойтун” бо 8 хол пешсаф аст.

Баскетболбозони клуби “Фойтун” 4 бозӣ анҷом дода, дар ҳар чор дидор ғалаба карданд. Клуби баскетболи “Душанбе”, ки як бозӣ кам анҷом додааст, бо 6 хол дар зинаи дуюм қарор дорад. “Diesel Power” бо 5 хол дар ҷои сеюми ҷадвал мавқеъ дорад.
Бозиҳои даври панҷум 10 ноябр доир мегарданд. “Беркут” бо “Diesel Power”, “Душанбе” бо “Зуҳро” ва “Фойтун” бо “Легендҳо” вомехуранд.

Лигаи баскетболи Тоҷикистон-2019/2020

Марҳилаи якум
Даври аввал
“Душанбе” – “33” – 117:35
“Diesel Power” – “Легендҳо” – 85:61
“Фойтун” – “DIS” – 78:38

Даври дуюм
“Душанбе” - “DIS” – 122:35
“Diesel Power” – “Зуҳро” – 109:56
“Фойтун” – “33” – 79:53

Даври сеюм
“Фойтун” – “Беркут” – 87:49
“Зуҳро” - “DIS” – 76:46
“33” – “Легендҳо” – 76:89

Даври чорум
“Беркут” – “Зуҳро” – 70:90
“Душанбе” – “Легендҳо” – 90:61
“Diesel Power” – “Фойтун” – 67:71