Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Регар-ТадАЗ” – барандаи медали биринҷии Чемпионати Тоҷикистон

05.11.2019

: 66

28-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ анҷом ёфт. Дар даври ниҳоӣ дастаи “Регар-ТадАЗ” бо “Хатлон” мусовӣ (0:0) бозӣ карда, медалҳои биринҷии чемпионати имсоларо ба даст овард.

Медалҳои тилло насиби дастаи “Истиқлол”, медалҳои нуқра бошад, насиби дастаи “Хуҷанд” гардид.
Дар асоси низомномаи чемпионат, дастаи “Панҷшер”, ки ҷои охирро ишғол кард, лигаи олиро тарк мекунад. Дастаи ҷои ҳафтуми чемпионат – “Хатлон” барои мондан дар лигаи олӣ бо барандаи медали нуқраи лигаи аввал бозии гузаришӣ анҷом медиҳад.
Мисли соли гузашта ҳамлагари дастаи “Истиқлол” Шериддин Бобоев беҳтарин нишонзан шуд. Имсол ӯ ба дарвозаи ҳарифон 16 тӯб ворид кард.
Дар даври ниҳоӣ, КМВА “Помир” бар “Истиқлол” бо ҳисоби 3:2, “Истаравшан” бар “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0, “Куктош” бар “Панҷшер” бо ҳисоби 5:3 ғалаба карданд.

 ҶОЙ   ДАСТАҲО    Б      Ғ      М      Б      Т/Т        Х    
 1  "Истиқлол" (Душанбе)     21  16  3  2  60-20  51
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  21  11  3  7  37-21  36
 3  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)      21  8  6  7  31-30  30
 4  КМВА "Помир" (Душанбе)  21  8  5  8  24-27  29
 5  "Истаравшан" (Истаравшан)  21  8  3  10  24-32  27
 6  "Куктош" (Рӯдакӣ)  21  7  6  8  31-36  27
 7  "Хатлон" (Бохтар)  21  6  6  9  26-28  24
 8  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)     21  3  2  16  18-57  11