Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Намояндагони КМОТ дар форумҳои минтақавии олимпӣ ширкат мекунанд

04.11.2019

: 76

3-6 ноябр дар шаҳри Бангкоки шоҳигарии Тайланд ду форуми минтақавӣ – барои кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои минтақаҳои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқии Осиё ва барои кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Осиёи Ғарбӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ баргузор мегардад.

Дар форуми аввал, ки 3-4 ноябр доир гашт, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро директори генералӣ Эркин Латипов намояндагӣ кард.
Директори генералии Шӯрои олимпии Осиё Ҳусайн Ал Мусаллам иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки форумҳо аз ҷониби Шӯрои олимпии Осиё дар ҳамкорӣ бо Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тайланд доир мегарданд.
Мақсади асосии ҳар ду форум ба омодагиҳои ниҳоии кумитаҳои миллии олимпӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 нигаронида шудааст, ҳамчунин муаррифии шаҳрҳои мизбони 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё-2020 дар Санйаи Чин ва 19-ум Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоуи Чин манзур мегардад.
“Тавре медонед, Осиё яке аз қитъаҳои фаъол дар баргузории бозиҳои маҷмуии варзишӣ ва рушд додани Ҳаракати олимпӣ дар Осиё маҳсуб меёбад”, - гуфт Ҳ. Ал Мусаллам.
Сардори ҳайати Ҳамбастагии олимпӣ Оливйе Ниамки аз баргузории чунин форум истиқбол карда, иброз намуд, ки тамоми масъалаҳои дар ин ҷо баррасишаванда мумкин аст ба дигар кумитаҳои миллии олимпӣ расонида шаванд.
“Форум барои омӯзиш ва табодули таҷрибаи ҳамдигар имконият фароҳам меорад, - гуфт ӯ. – КБО хостгори он аст, ки варзишгарон дар маркази бозиҳо бошанд ва бо кӯмаки ин форум мо метавонем ба ин масъала таваҷҷуҳ кунем ва барои омодагӣ ва иштироки варзишгарон беҳтарин шароитро фароҳам оварем”.
Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 24 июл то 9 августи соли 2020 баргузор мешавад. Дар 42 иншооти варзишӣ аз рӯи 33 намуди варзиш 339 мусобиқа доир мегарданд. Аз 206 кумитаи миллии олимпӣ беш аз 11 000 варзишгар, аз ҷумла шумораи рекордии 48,5 дарсад бонувон дар Токио ҷамъ меоянд.
Иштирокчиёни форум дар рӯзи аввал, ҳамчунин муаррифии махсуси бокси олимпиро, ки Федератсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ намегузаронад, шуниданд. Мусобиқаи интихобии қораи Осиё/Уқёнус аз 3 то 14 феврали соли оянда дар шаҳри Вуҳани Чин ба нақша гирифта шудааст.
Дар форуми дуюм, ки 5-6 ноябр доир мегардад, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ва корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Равшан Раҳматов ширкат менамоянд.