Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати ҷаҳон барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) анҷом ёфт

Чемпионати ҷаҳон барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) анҷом ёфт Чемпионати ҷаҳон барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) анҷом ёфт Чемпионати ҷаҳон барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) анҷом ёфт Чемпионати ҷаҳон барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) анҷом ёфт

04.11.2019

: 23

Дар бозии ниҳоии даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2019 тими наврасони Тоҷикистон (U-17) аз Аргентина бо ҳисоби 1:3 мағлуб гашт. Голи дастаи Тоҷикистонро Рустам Соиров аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи “Е” аз се бозӣ 3 хол ба даст оварда, натавонистанд ба даври 1/8-финал роҳ ёбанд. Аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби наврасони Испания ва Аргентина ба даври дигар баромаданд.
Новобаста ба он ки футболбозони мо натавонистанд ба даври дигар роҳ ёбанд, аммо тамоми мухлисон шоҳид шуданд, ки онҳо дар ҳар се бозӣ муқобили чемпионҳои Африқо, Аврупо ва Амрико бо тамоми қувва ҳунарнамоӣ карданд ва Тоҷикистони азизро дар ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.
Дар даври 1/8-финали Чемпионати ҷаҳон-2019 миёни наврасон дар Бразил Ангола бо Кореяи Ҷанубӣ, Нигерия бо Ҳолланд, Ҷопон бо Мексика, Испания бо Сенегал, Бразил бо Чилӣ, Фаронса бо Австралия, Эквадор бо Италия ва Прагвай бо Аргентина вомехуранд. Бозиҳои ин давр 5, 6 ва 7 ноябр баргузор мешаванд.