Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми ҷаҳон: Тоҷикистон барои ба баромадан ба даври дигар имкон дорад

Ҷоми ҷаҳон: Тоҷикистон барои ба баромадан ба даври дигар имкон дорад Ҷоми ҷаҳон: Тоҷикистон барои ба баромадан ба даври дигар имкон дорад Ҷоми ҷаҳон: Тоҷикистон барои ба баромадан ба даври дигар имкон дорад

01.11.2019

: 974

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар даври дуюми Чемпионати ҷаҳон-2019 дар гурӯҳи “Е” аз Испания мағлуб шуд, вале барои баромадан ба плей-офф имкон дорад.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов аз тими Испания бо ҳисоби 1:5 шикаст хурданд. Голи дастаи Тоҷикистонро бозингари Испания Карилло ба дарвозаи дастааш зад.
Дар бозии дигари гурӯҳ Аргентина бар тими Камерун бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.
Ҳамакнун, дар ҷадвали гурӯҳ дастаҳои Испания ва Аргентина бо 4-холӣ дар ду ҷои авваланд. Тоҷикистон бо 3 хол дар зинаи сеюм мавқеъ дорад ва имкони ба даври 1/8-финал баромаданро аз даст надодааст. Тақдири роҳхатҳо дар даври ниҳоӣ ҳал мешавад.
Футболбозони ҷавони мо дар даври сеюм бо Аргентина вомехуранд. Бозӣ 4 ноябр, соати 1:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон бо иштироки 24 дастаи беҳтарини қора дар Бразил ҷараён дорад. Дар натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ дудастаӣ аз 6 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо ба даври баъдӣ роҳхат мегиранд.
Баъд аз натиҷагирии даври дуюми чемпионат дастаҳои Бразил, Ангола (аз гурӯҳи “А”), Нигерия (аз гурӯҳи “В”), Фаронса (аз гурӯҳи “С”), Сенегал (аз гурӯҳи “D”) ва Италия (аз гурӯҳи “F”) ба даври дигар роҳхат гирифтанд. Боз 10 дастаи дигар имкон доранд, дар 1/8-финал бозиҳояшонро идома диҳанд.