Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Иштирокчиёни марҳилаи финалии ЧО оид ба футзал-2020 муайян шуданд

Иштирокчиёни марҳилаи финалии ЧО оид ба футзал-2020 муайян шуданд Иштирокчиёни марҳилаи финалии ЧО оид ба футзал-2020 муайян шуданд Иштирокчиёни марҳилаи финалии ЧО оид ба футзал-2020 муайян шуданд

28.10.2019

: 167

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи толорӣ, ки ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё роҳхат гирифт, рӯзи 27 октябр аз Эрон ба Ватан баргашт.

Тими футзали кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Деян Дедович дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар Урмияи Эрон доир гашт, дар гурӯҳи “А”-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ се бозӣ баргузор карда, дар ду бозӣ бар тимҳои Непал (6:0), Афғонистон (5:2) ғалаба карда, аз тими футзали Узбекистон (3:9) шикаст хурд.
Дар гурӯҳи “А”-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ Узбекистон бо се пирӯзӣ ҷои аввал, Тоҷикистон бо ду ғалаба ва як бохт ҷои дуюмро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфтанд. Аз гурӯҳи “В” дастаҳои Эрон, Қирғизистон ва Туркманистон (мизбон) ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо карданд.
Дар минтақаҳои дигар низ бозиҳои интихобӣ баргузор шуда, ҳамаи 16 дастаи иштирокчии марҳилаи финалӣ муайян гардиданд:

01. Туркманистон (мизбон)
02. Лубнон
03. Кувайт
04. Арабистони Саудӣ
05. Баҳрайн
06. Уммон
07. Ҷопон
08. Чин
09. Тоҷикистон
10. Узбекистон
11. Эрон
12. Қирғизистон
13. Тайланд
14. Индонезия
15. Кореяи Ҷанубӣ
16. Ветнам

Марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 27 феврал то 8 марти соли оянда дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор мешавад.