Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

18-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ доир гашт

28.10.2019

: 1262

28 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовинони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов ва Абдуллозода Аҳтам ҷаласаи 18-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласа аъзои Ассамблея - роҳбарон ва намояндагони федератсияҳои милии варзишӣ иштирок карданд.
Иштирокчиёни ҷаласа дар оғоз аз аввалин чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо аз Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков истиқбол карда, ӯро бо ифтихорнома ва мукофоти пулии Кумита қадрдонӣ намуданд.



Сипас, аз рӯи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи муовини Президенти Кумита, комиссияи назорату тафтишот ва гузориш оид ба омодагӣ ба 32-юм Бозиҳои Олимпиада аз рӯи намудҳои тобистонаи варзиш шунида шуда, нақшаи кори Кумита ва нақшаи буҷети Кумита дар соли 2020 тасдиқ гардид.
Таъкид шуд, ки рӯйдоди муҳимтарини соли 2018 дар соҳаи варзиши мамлакат иштирок ва суханронии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумита буд. Дар натиҷаи супоришҳои Пешвои миллат дар ин ҷаласа соли 2018 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳа, Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб таъсис ёфта, Мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин ба Маркази омодагии дастаҳои мунтахаб тағйири ном кард.
Зимни пешниҳоди ҳисобот, аз ҷумла зикр гардид, ки соли 2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2018 дар Индонезия дар ҳайати 105 нафар иштирок карда, ба гирифтани 7 медал даст ёфт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ҳамчунин дар 3-юм Бозиҳои олимпии наврасон ва бори аввал дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ иштирок кард.
Зимни муҳокимаи масъалаи омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 зикр гардид, ки Кумита дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияҳои варзишӣ аз аввали сол гурӯҳи кории “Роҳ ба сӯи Токио” ташкил кард, ки дар ҷаласаҳо масъалаҳои омодагии варзишгарону мураббиёнро ба Бозиҳои олимпӣ баррасӣ мекунад.
Таъкид шуд, ки бо ин мақсад 15 варзишгар аз барномаи дастгирии молиявии олимпӣ бархурдор буда, ҳамчунин, соли 2019 13 варзишгар аз ҳисоби барномаи қитъавии дастгирии варзишгарон маблағгузорӣ шуданд.
Ҳамчунин, барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, бо қарори Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба узви дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс, чемпиони Осиё-2019 Баҳодур Усмонов аз моҳи ноябри соли 2019 то июли соли 2020 ҳар моҳ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ стипендия муқаррар карда шуд.
Дар идома қайд гардид, ки аввали сол бо мақсади омодагии варзишгарон барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ миёни Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияҳои варзишӣ нақшаҳои сеҷонибаи маблағгузорӣ таҳия ва тасдиқ гардид, ки дар натиҷа дар нуҳ моҳи соли 2019 варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 827 медал (286 тилло, 208 нуқра, 333 биринҷӣ) гардиданд, ки нисбат ба соли 2018 360 медал зиёд аст. Аз ин шумора 426 медал (124 тилло, 112 нуқра, 190 биринҷӣ) ба намудҳои олимпии варзиш тааллуқ дорад, ки нисбат ба соли 2018 290 медал бештар мебошад.
Таъкид шуд, ки соли 2020 барои соҳаи варзиши мамлакат соли муҳим мебошад, зеро Бозиҳои тобистонаи олимпӣ доир мегардад. Варзишгарон ва масъулон бояд беш аз ҳар вақти дигар масъулият нишон диҳанд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош варзанд. Дар ин замина супориш дода шуд, ки нақшаҳои сеҷонибаи маблағгузорӣ бо федератсияҳои варзишӣ ба тасвиб расонида шуда, дар асоси он варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ сафарбар гарданд ва ба машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта шаванд.
Зикр гардид, ки варзишгарони мо асосан аз рӯи панҷ намуди варзиш – дзюдо, бокс, варзиши сабук, гуштин ва қайиқронӣ имкони ба даст овардани роҳхати олимпиро доранд. Дар ин робита пешниҳод карда шуд, ки ҳангоми таҳияи нақшаҳои сеҷониба ба ин намудҳо афзалият дода шавад.
Аъзои Ассамблеяи генералӣ ба тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасон, ки 29 октябр аввалин бозиашро дар Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразил оғоз мекунад, муваффақият хоста, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карданд.