Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими футзали Тоҷикистон ба марҳилаи финалии ЧО-2020 роҳ ёфт

Тими футзали Тоҷикистон ба марҳилаи финалии ЧО-2020 роҳ ёфт Тими футзали Тоҷикистон ба марҳилаи финалии ЧО-2020 роҳ ёфт Тими футзали Тоҷикистон ба марҳилаи финалии ЧО-2020 роҳ ёфт

25.10.2019

: 1139

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи толорӣ, пайиҳам дар бозии дуюмаш дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар Урмияи Эрон ҷараён дорад, ғалаба карда, ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт.

Дар даври дуюми марҳилаи интихобии минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ дар гурӯҳи “А” шогирдони мутахассиси сербиягӣ Деян Дедович бар дастаи Афғонистон бо ҳисоби 5:2 ғалаба кард ва ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё, ки соли оянда дар Туркманистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт. Футболбозони тоҷик дар даври аввал бар тими Непал бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуда буд.
Дар бозӣ бо Афғонистон ғалабаи тими мунтахаби мо тавассути ду голи Шавкат Ҳалимов ва голҳои Парвиз Раҳматов, Рустам Ҳамидов ва Дилшод Саломов имконпазир гардид.
Дар даври ҷамъбастии марҳилаи интихобӣ мунтахаби Тоҷикистон 25 октябр муқобили дастаи мунтахаби Узбекистон, ки низ дар даври дуюм бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:1 ғолиб омада, ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифтааст, бозӣ мекунад. Оғози бозӣ соати 17:00 бо вақти Душанбе.