24.10.2019
: 1174
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи толорӣ (футзал) бо роҳбарии сармураббӣ Деян Дедович марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020-ро, ки дар шаҳри Урмияи Эрон ҷараён дорад, бо ғалаба оғоз кард.
Дар даври аввали минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ дар гурӯҳи “А” футболбозони мо ба дарвозаи тими Непал 6 голи беҷавоб заданд: Рустам Ҳомидов, Файзалӣ Сардоров дуголӣ, Умед Кузиев ва Парвиз Раҳматов якголӣ.
Дар бозии дигари гурӯҳи “А” мунтахаби Узбекистон бар Афғонистон бо ҳисоби 6:2 ғалаба кард.
Дар даври дуюм 24 октябр мунтахаби Тоҷикистон бо Афғонистон бозӣ мекунад. Вохурии дастаҳо соати 14:30 бо вақти Душанбе шурӯъ мегардад.
Дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 31 даста дар 8 гурӯҳи 4 минтақа иштирок доранд ва барои 15 роҳхати марҳилаи финалӣ талош мекунанд. Аз ду гурӯҳи минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё, ки аз 27 феврал то 8 марти соли оянда дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор мешавад, дудастаӣ роҳхат мегиранд.