21.10.2019
: 1531
Баъд аз танаффуси панҷсола бозиҳои клубҳои баскетболи Тоҷикистон аз сар гирифта шуд. Ин бор дар доираи Лигаи баскетболи Тоҷикистон.
То 5 соли пеш баскетболбозони кишвар дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи баскетболи Тоҷикистон ширкат мекарданд. Имсол бори аввал Лигаи баскетболи Тоҷикистон таъсис ёфт.
Ба иттилои масъули Федератсияи баскетболи Тоҷикистон Вилла Очилдиев, дар мусобиқа 8 клуб иштирок мекунанд – “33”, “Зуҳро”, “Душанбе”, “Фойтун”, “Беркут”, “Легендҳо”, “Dizel Power”, “DIS”. Бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар ду марҳила сурат мегирад, сипас 4 дастаи беҳтарин аз рӯи системаи олимпӣ мусобиқаро идома медиҳанд. Бозиҳо ҳар рӯзи якшанбе баргузор мегарданд.
Аллакай 13 ва 20 октябр ду даври Лигаи баскетболи Тоҷикистон баргузор шуд. Даври сеюм 27 октябр доир мегардад.
Лигаи баскетболи Тоҷикистон-2019/2020
Марҳилаи якум
Даври аввал
“Душанбе” – “33” – 117:35
“Dizel Power” – “Легендҳо” – 85:61
“Фойтун” – “DIS” – 78:38
Даври дуюм
“Душанбе” - “DIS” – 122:35
“Dizel Power” – “Зуҳро” – 109:56
“Фойтун” – “33” – 79:53