18.10.2019
: 1664
Паҳлавони шинохтаву маҳбуби кишвар Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар Марокаш ҷараён дорад, сазовори медали тилло гардид.
Сомон 17 октябр дар қувваозмоии вазни -73кг дар се даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Кеп Верд (Семедо Клаудиано), Қирғизистон (Асад Масабиров), Белгия (Абдул Малик Умаев), дар чорякфинал бар намояндаи Италия (Эдуардо Мелла), дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Руссия дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор гардид. Медалҳои биринҷиро дар вазни -73кг Эдуардо Мелла аз Италия ва Виктор Стерпу аз Молдова ба даст оварданд.
Воқеан, дар таърихи дзюдои кишвар ин аввалин медали тиллои варзишгарони тоҷик дар ҳамаи синну сол аз Чемпионати ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон (U-21) то 20 октябр идома мекунад. Дар чемпионат 517 варзишгар (294 мард, 223 зан) аз 81 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар ба Марокаш сафарбар гардидаанд. Дар рӯзи аввал Ҷамолиддин Абдуллоев ва Идибек Сафаров дар вазни -66кг гуштин гирифтанд, вале аз медал бенасиб монданд. Ҷамолиддин пас аз ду ғалаба дар даври сеюм, Идибек бошад, дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд. Дар вазни -73кг варзишгари дигарамон Қоим Шукронов дар даври аввал аз ҳарифи амрикоияш мағлуб шуд.
Имрӯз – 18 октябр – ду варзишгари дигари кишвар - Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода дар вазни -90кг гуштин мегиранд.