Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштини миллӣ насиби Шакармамад шуд

Шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштини миллӣ насиби Шакармамад шуд Шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштини миллӣ насиби Шакармамад шуд

16.09.2019

: 1220

15 сентябр дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори 28-ум солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштингирӣ баргузор шуд.

Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 4 категорияи вазнӣ: -65кг, -75кг, -90кг, +90кг сурат гирифт.
Дар қувваозмоиҳо варзишгарон дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт иштирок намуданд ва ғолибон ба таври зайл муайян гардиданд:

Вазни -65кг
1. Разиаллоҳ Лоиқов
2. Ёқубҷон Боқиев
3. Хайрандеш Муродзода

Вазни -75кг
1. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов
2. Саидмухтор Расулов
3. Хусрав Аламов

Вазни -90кг
1. Саидҷамол Алимардонов
2. Ҳақназар Назаров
3. Улуғбек Раҳимов

Вазни +90кг
1. Шакармамад Мирмамадов
2. Саидҷалол Саидов
3. Муҳаммадбек Фарҳодов

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа мутаносибан бо 10 ҳазор, 5 ҳазор ва 2 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар вазни +90кг бошад, паҳлавони маъруфи кишвар Шакармамад Мирмамадов соҳиби шоҳҷоиза - автомобили тамғаи «Мерседес бенс» гардид.