Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баскетболбозони ВМКБ – чемпиони Тоҷикистон

12.09.2019

: 1233

Дастаи басткетболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғолиби Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон гардид.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба баскетбол миёни бонувон дар асоси тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 7-9 сентябр дар шаҳри Кӯлоб доир гашт.
Дар чемпионат 4 даста – ВМКБ, Душанбе, Суғд ва Хатлон-2 ширкат карданд. Мусобиқа ба таври системаи даврӣ дар як давр баргузор шуд ва бонувони баскетболбози Бадахшон ҷои аввалро сазовор гаштанд. Дастаи Суғд ҷои дуюм, дастаи Душанбе ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Чемпионат бо мақсади рушди баскетбол дар кишвар, ҷалби бонувон ба ин намуди варзиш ва солимии ҷомеа доир гардид.