10.09.2019
: 1351
Шоҳмотбози ҷавони тоҷик Сабрина Абророва дар Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот миёни наврасон дуюм медали нуқра ба даст овард.
Мусобиқа дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон аз рӯи равияҳои шоҳмоти классикӣ, рапид ва блитс 10 сентябр ба анҷом расид.
Ин бор Сабрина миёни духтарони то 14-сола дар равияи шоҳмоти классикӣ ҷои дуюмро ишғол кард. Сабрина дар 9 давр бо 6 ғалаба бар намояндагони Ҳиндустон (4 нафар), Узбекистон ва Шри Ланка, 2 мусовӣ бо намояндагони Ҳиндустон ва 1 бохт бар намояндаи Ҳиндустон сазовори 7 хол гардид. Ҷойҳои якуму сеюмро варзишгарони Ҳиндустон ишғол намуданд.
Сабрина Абророва дар рӯзи аввали мусобиқот дар равияи рапид (босуръат) низ медали нуқра ба даст оварда буд, аммо дар равияи блитс, ки дар рӯзи охири мусобиқа доир гашт, пас аз 4 ғалаба, 3 мусовӣ ва 2 бохт дар 9 давр бо 5,5 хол ҷои 11-умро ишғол кард. Дар ин равия ҷойҳои якуму сеюмро намояндагони Ҳиндустон, ҷои дуюмро намояндаи Узбекистон ба даст оварданд.
Ҳамин тариқ, дар чемпионати Осиёи Ғарбӣ миёни наврасон, ки бо иштироки 336 шоҳмотбоз аз 10 давлат - АМА, Бангладеш, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Шри Ланка ва Эрон аз рӯи 8 синну сол ҷараён гирифт, дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Ҳиндустон бо 116 медал (42 тилло, 37 нуқра, 37 биринҷӣ) ҷои аввалро ишғол кард. Узбекистон бо 6 медал (2-1-3) ҷои дуюм, Қазоқистон бо 3 медал (0-2-1) ҷои сеюмро сазовор шуданд. Тоҷикистон бо 2 медали нуқра дар мақоми 4-ум мавқеъ гирифт. Умуман, намояндагони 8 давлат медал ба даст оварданд.