Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии дуюми Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ЧҶ-2022

10.09.2019

: 1075

Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” низ ғалаба кард.

Ин бор шогирдони Усмон Тошев дар сафар бар дастаи мунтахаби Муғулистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 81-уми дидор Давронҷон Эргашев зад.
Ёдовар мешавем, ки 5 сентябр дар бозии хонагӣ тими миллии кишвар бар дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд.
Пас аз натиҷагирии ду давр тими Тоҷикистон бо 6 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи “F” мебошад. Муғулистон бо 3 хол дар ҷои дуюм қарор дорад. Ҷопон, ки дар даври аввал озод буд, имрӯз бо Мянма бозӣ мекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюм озод аст. Ҳарифи тими миллии Тоҷикистон дар даври чорум дастаи мунтахаби Ҷопон мебошад. Ин дидор 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022

Марҳилаи интихобии Осиё. Даври дуюм

Гурӯҳи «F»
1-ум давр
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 1:0
Гол: Алишер Ҷалилов, 42.

Муғулистон – Мянма – 1:0
Гол: Дулгуун Амараа, 17.

2-юм давр
10 сентябр (сешанбе)

Муғулистон – ТОҶИКИСТОН – 0:1
Мянма – Ҷопон

3-юм давр
10 октябр (панҷшанбе)

Ҷопон – Муғулистон
Қирғизистон – Мянма

4-ум давр
15 октябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Ҷопон
Муғулистон – Қирғизистон

5-ум давр
14 ноябр (панҷшанбе)

Мянма – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Ҷопон

6-ум давр
19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Мянма – Муғулистон

7-ум давр
26 марти 2020 (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Муғулистон
Ҷопон – Мянма

8-ум давр
31 марти 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Ҷопон
Мянма – Қирғизистон

9-ум давр
4 июни 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Муғулистон

10-ум давр
9 июни 2020 (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Мянма
Ҷопон – Қирғизистон