Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали нуқраи Сабрина Абророва дар Чемпионати Осиёи Ғарбӣ

06.09.2019

: 1378

Шоҳмотбози ҷавони тоҷик Сабрина Абророва дар Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот миёни наврасон, дар равияи рапид миёни духтарони то 14-сола медали нуқра ба даст овард.

Мусобиқа дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон оғоз гардид ва аз рӯи равияҳои шоҳмоти классикӣ, рапид ва блитс то 11 сентябр идома меёбад.
Сабрина дар рӯзи аввал, дар равияи рапид (босуръат) 7 бозӣ анҷом дода, дар 5 бозӣ бар намояндагони Ҳиндустон (3 нафар), Узбекистон ва Шри Ланка ғалаба, як бозиро бо варзишгари дигари Ҳиндустон мусовӣ карда, дар як бозӣ аз ғолиби ин равия Роҳилла Шивика аз Ҳиндустон мағлуб шуд ва ҷои дуюмро ишғол намуд.
Дар чемпионат 336 шоҳмотбоз аз 10 давлат АМА, Бангладеш, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Шри Ланка ва Эрон иштирок доранд.