06.09.2019
: 1326
Варзишгари тоҷик Ҳақназар Назаров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш сазовори медали биринҷӣ шуд.
XII Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш миёни калонсолон 2-4 сентябр дар шаҳри Чунгҷуи Ҷумҳурии Корея, дар доираи Фестивали байналмилалии ҳунарҳои размӣ баргузор шуд.
Дар қувваозмоиҳо варзишгарон аз 50 давлати дунё иштирок карданд.
Ҳақназар Назаров дар вазни -81кг ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф шуд. Дар ин вазн Сарвар Шомуродов аз Узбекистон ғолиб гардид. Медали нуқраро варзишгари Эрон Илёс Алӣ Акбарӣ, медали дигари биринҷиро Чун-Та Ҳуанг аз Тайпейи Чин ба даст оварданд.