04.09.2019
: 1313
14-22 сентябр дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини озод, юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон доир мегардад.
Ба иттилои Федератсияи гуштини Тоҷикистон, дар Чемпионати ҷаҳон дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар – 5 нафар аз рӯи намуди гуштини юнонӣ-римӣ, 6 нафар аз рӯи гуштини озод бо роҳбарии сармураббиён Олимов Абдурозиқ ва Беков Фаррух иштирок мекунанд.
3 сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини озод ба шаҳри Нурсултон сафар кард ва то оғози чемпионат ба машғулиятҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта мешавад. Дастаи мунтахаби гуштини юнонӣ-римӣ бошад, бо маблағгузории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомадӣ машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шудаанд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини варзишӣ аввалин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба ҳисоб меравад. Варзишгароне, ки дар вазнҳои олимпӣ то ҷои шашумро ишғол мекунанд, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин аз рӯи 30 вазн – 10 вазн гуштини озод, 10 вазн гуштини юнонӣ-римӣ ва 10 вазн гуштини бонувон – сурат мегирад, вале дар ҳар се равия 6-вазнӣ ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштин ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019. 13-22 сентябр, Нурсултон, Қазоқистон
Гуштини озод:
Икромов Муҳаммад (вазни 57кг)
Шарифов Ҷамшед (61кг)
Файзиев Абдулқосим (65кг)
Қодиров Баҳодур (86кг)
Искандари Рустам (97кг)
Анақулов Фарҳод (125кг)
Гуштини юнонӣ-римӣ:
Мазитов Ислом (60кг)
Ахмедов Мубинҷон (67кг)
Зуҳуров Ҳабибҷон (72кг)
Исмоилов Муҳаммад (77кг)
Охонов Тоҳир (87кг)
Барнома
14 сентябр
Гуштини юнонӣ-римӣ:
55кг, 63кг, 72кг, 82кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
15 сентябр
Гуштини юнонӣ-римӣ:
67кг, 87кг, 97кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
55кг, 63кг, 72кг, 82кг – финал
16 сентябр
Гуштини юнонӣ-римӣ:
60кг, 77кг, 130кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
67кг, 87кг, 97кг – финал
17 сентябр
Гуштини бонувон
50кг, 53кг, 55кг, 72кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
Гуштини юнонӣ-римӣ
60кг, 77кг, 130кг – финал
18 сентябр
Гуштини бонувон:
57кг, 59кг, 65кг, 76кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
50кг, 53кг, 55кг, 72кг – финал
19 сентябр
Гуштини бонувон
62кг, 68кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
57кг, 59кг, 65кг, 76кг – финал
20 сентябр
Гуштини тарзи озод
70кг, 74кг, 92кг, 125кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
Гуштини бонувон
57кг, 65кг – финал
21 сентябр
Гуштини тарзи озод
61кг, 79кг, 86кг, 97кг – даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал
70кг, 74кг, 92кг, 125кг – финал
22 сентябр
Гуштини тарзи озод
61кг, 79кг, 86кг, 97кг – финал