Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми Истиқлолият

31.08.2019

: 1013

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Истиқлолият баргузор мешавад.

Аз ҷумла, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 1-5 сентябри соли равон дар шаҳри Хоруғ мусобиқаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба волейбол байни мардон ва дзюдо миёни ҷавонони соли таваллудашон 1999-2001 дар се категорияи вазнӣ доир мегардад. Дар мусобиқот дастаҳои шаҳру навоҳии вилоят иштирок мекунанд.
Ба ғолиби мусобиқаи волейбол 4000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 3000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 2000 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ғолибони мусобиқаи дзюдо миёни ҷавонон 3000 сомонӣ, барандагони ҷои дуюму сеюм мутаносибан 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ ҷоизапулӣ дарёфт хоҳанд кард.
2-6 сентябр бошад, миёни ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб мусобиқаҳои волейбол ва футболи хурд сурат мегирад. Ғолибони мусобиқот бо 4000 сомонӣ, ҷои дуюм бо 3000 ва ҷои сеюм бо 2000 сомонӣ ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Истиқлолият бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъмини оммавияти варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва дарёфти чеҳраҳои нави варзиш роҳандозӣ мегардад.