Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати Тоҷикистон-2019: голборон дар Рӯдакӣ

26.08.2019

: 963

24-уми август се бозии даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Бозии марказии давр дар ноҳияи Рӯдакӣ миёни дастаҳои “Куктош” ва “Регар-ТадАЗ” доир гашт. Вохӯрии дастаҳо ҷолиб гузашт ва мухлисон шоҳиди 7 гол шуданд. Меҳмонон дар ин дидор бо ҳисоби 4:3 ғалаба карданд. Шерзод Муҳаммадиев дар номаш “хет-трик” сабт кард.
Дастаи КМВА “Помир” сеюм ғалабаи пайиҳамашро ҷашн гирифт. Шогирдони мутахассиси украинӣ Сергей Житский дар майдони худ тавассути Шервонӣ Мабатшоев ва Шодибек Ғаффоров ба дарвозаи “Панҷшер” ду голи беҷавоб заданд.
Пешсафи чемпионат – дастаи “Истиқлол” дар майдони худ бар тими “Хатлон” бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев дуголӣ, Алишер Ҷалилов як гол ба ҳадаф расониданд.
Як бозии дигари давр миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истаравшан” ба вақти дигар гузаронида шуд.

     Б      Ғ      М      Б      Т/Т      Х    
 1  "Истиқлол" (Душанбе)      13  11  2  0  38/7  35
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  12  6  2  4  22/12     20
 3  "Куктош" (Рӯдакӣ)  13  5  4  4  18/16  19
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)      13  5  4  4  20/19  19
 5  КМВА "Помир" (Душанбе)  13  4  3  6  12/18  15
 6  "Хатлон" (Бохтар)  13  4  3  6  13/20  15
 7  "Истаравшан" (Истаравшан)  12  3  2  7  10/18  11
 8  "Панҷшер" (Ҷалолиддини Балхӣ)      13  2  2  9  8/31  8