20.08.2019
: 3954
23-27 август дар шаҳри Душанбе X Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 17-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар мусобиқа, ки дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир мешавад, иштироки варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Белорус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Федератсияи Россия ва Штатҳои Муттаҳида дар назар аст. Ҷумҳурии моро 12 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Қувваозмоиҳо дар корти тенниси “Роҳи оҳан” доир мегарданд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон cоли даҳум аст, ки бо мақсади муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон баргузор мешавад. Мусобиқа 4 рӯз дар ҳайати инфиродӣ ва даставӣ миёни писарону духтарон идома ёфта, дар ҷамъбаст ба ғолибон 1000 доллари ШМА, ҷои дуюм 800 доллар ва ҷои сеюм 500 доллари ШМА ҷоизапулӣ тақдим мегардад.