Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати CAFA-2019: Тоҷикистон - барандаи медалҳои нуқра

Чемпионати CAFA-2019: Тоҷикистон - барандаи медалҳои нуқра Чемпионати CAFA-2019: Тоҷикистон - барандаи медалҳои нуқра

16.08.2019

: 1195

Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни ҷавонони то 19-сола бо ғалабаи тими ҷавонони Эрон ба поён расид. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба гирифтани ҷои дуюм мушарраф шуд.

Дар даври ниҳоии чемпионат ҷавонони мо бо ҳамсолони эрониашон мусовӣ (1:1) бозӣ карданд. Ба голи задаи футболбози тими Тоҷикистон Рустам Соиров дар дақиқаи 39-ум, эрониҳо тавассути голи задаи Маҳдӣ Ҳошиминажод Раҳимободӣ дар дақиқаи 80-ум ҷавоб доданд.
Дар бозии дигари даври панҷум тими ҷавонони Узбекистон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон бо ба даст овардани 10 хол ғолиби Чемпионати CAFA-2019 гардид. Медалҳои нуқра бо 8 хол насиби дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон шуд. Ҷои сеюмро тими ҷавонони Узбекистон бо 5 хол ишғол намуд.
Дар маросими тантанавии ҷамъбасти Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ғолибон ва ҷоизадорон бо медалҳо сарфароз гаштанд. Ҷоизаи “Бозии одилона” насиби дастаи Эрон шуд. Беҳтарин нишонзан ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев (4 гол) гардид. Дарвозабони дастаи мунтахаби Эрон Амир Ҳусайн Некпур, ки ҳамагӣ як гол ба дарвозааш сар додааст, арзишмандтарин бозингари мусобиқа дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати CAFA-2019 (U-19), ки аз 9 то 15 август дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, панҷ даста – Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон иштирок карданд.