08.08.2019
: 1731
Рӯзи 7-уми августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, Маҷмааи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш байни ҷавонон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зафар Сафаров дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.
Ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҷмааи мазкур дорои се майдончаи вазишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва ҳавзи шиноварӣ мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти варзишӣ 4 моҳ идома ёфта, дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ҷалб шуданд.
Сарвари давлат зимни боздид аз ин маҷмаа ба сифати корҳои анҷомдода баҳои баланд дода, иқдоми ин соҳибкорро намунаи хуби ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар ободии гӯшае аз Ватан арзёбӣ намуданд.
Майдончаи бозии футбол 44 метр дарозӣ ва 22 метр паҳноӣ дошта, дар он шароити муосири машғул шудан ба ин намуди варзиш мавҷуд аст. Майдони варзишии баскетбол бошад, бо дарозии 22 метр ва паҳноии 11 метр бунёд шуда, бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Сарвари давлат ба масъулин дастур доданд, ки дар оянда низ чунин тадбирҳоро бештар анҷом дода, шароити муосири машғул шудан ба варзишро барои ҷавонони маҳаллӣ муҳайё намоянд.
Мавриди зикр аст, ки тадбири мазкур дар татбиқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мусоидат намуда, боиси боз ҳам такмил ёфтани инфрасохтори варзишӣ дар деҳот мегардад.
Атрофи майдончаҳо чароғон карда шуда, имкони шабона машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш низ мавҷуд мебошад.
Дар маҷмаа, ҳамчунин ду ҳавзи болопӯшида мавҷуд аст, ки яке барои калонсолон ва дигари барои хурдсолон пешбинӣ шудааст. Ҳавзи шиноварӣ, ки барои калонсолон пешбинӣ шудааст, бо дарозии 25 ва паҳноии 15 метр бунёд шуда, умқаш 1 метру 80 сантиметрро ташкил медиҳад. Минбаъд сокинон имкон доранд, ки дар чунин иншооти муосир ба шиноварӣ машғул шуда, дар баробари омӯхтани ин намуди варзиш ҳамчунин солимии худро барқарор намоянд. Ҳавзи шиноварии кӯдакона бошад, бо дарозии 5 метр ва умқи 50 сантиметр имкони мусоидро барои ба шиноварӣ машғул шудани кӯдакону наврасон фароҳам овардааст.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо шароити ин ду иншоот таъкид намуданд, ки солимии ҷомеа пайваста дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, иншооти мазкур дар ин самт мусоидат менамояд.