06.08.2019
: 1415
Варзишгарони кишвар аз Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ миёни наврасон бо 2 медал ба Ватан баргаштанд. Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе масъулони соҳа, пайвандону наздикон ва ҳаводорони варзиш ботантана пешвоз гирифтанд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасон аз 29 июл то 4 август дар шаҳри Софиаи Булғористон баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 3 нафар аз рӯи намуди гуштини юнонӣ-римӣ дар чемпионат иштирок карда, ба гирифтани 2 медал - 1 нуқра, 1 биринҷӣ - даст ёфтанд. Медали нуқраро Шероз Очилов дар вазни 65кг, медали биринҷиро бошад, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55кг ба даст оварданд. Ҷаъфарҷон Зафарзода дар вазни 71кг дар даври аввал ноком шуд. Дар қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ беш аз 150 варзишгар аз 41 давлати ҷаҳон иштирок карданд ва Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ ҷои 14-умро ишғол намуд.
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ Фаррухрӯз Раҳмонов дар суҳбат иброз дошт, ки дар таърихи варзиши кишвар ин аввалин медалҳои варзишгарони намуди гуштини юнонӣ-римӣ аз Чемпионати ҷаҳон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи июл дар Чемпионати Осиё, ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон доир гардид, Фирӯз ба гирифтани медали тилло ва Шероз ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб шуда буданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Фирӯз Мирзораҷабов дар мактаби варзишии захираҳои олимпии рақами 6-и шаҳри Душанбе бо роҳнамоии мураббӣ Субҳониддин Абдукаримов ва Шероз Очилов дар шаҳри Истаравшан бо роҳнамоии Баҳрулло Отамуродов тамрин мекунанд.