05.08.2019
: 1060
Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои доир кардани ду бозии рафиқона бо тими наврасони Арабистони Саудӣ имрӯз – 5 август - ба шаҳри Таиф сафарбар гардид. Бозиҳо 7 ва 9 август баргузор мешаванд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тими мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ чанде қабл ғолиби Чемпионати Федератсияи футболи Осиёи Ғарбӣ (WAFF) гардида буд, ки 1-11 июл дар Урдун доир гашт. Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бошад, бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Душанбе ғолиби Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 тими футболи наврасони мо дар гурӯҳи “А” ҳамроҳ бо дастаҳои Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ 14-22 сентябр дар Урдун баргузор мешавад.