Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпион ва ҷоизадорони Чемпионати Осиё ба Ватан баргаштанд

01.08.2019

: 1150

Варзишгарони ҷавони кишвар аз Чемпионати Осиё ва Уқёнус оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон бо 5 медал ба Ватан баргаштанд.

Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе масъулони соҳа, пайвандону наздикон ва ҳаводорони варзиш пешвоз гирифтанд.
Чемпионати Осиё ва Уқёнус оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон 27-30 июл дар Тайпейи Чин баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар миёни наврасон ва 9 нафар миёни ҷавонон дар чемпионат иштирок карда, ба гирифтани 5 медал - 1 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ - даст ёфтанд. Медали тиллоро Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73кг миёни наврасон ба даст овард. Дар ин синну сол Мансур Раҳмон дар вазни -90кг ва Аҳлия Муъминова дар вазни -52кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд. Ду медали нуқраро Шодмон Ризоев дар вазни -66кг ва Шарифҷон Назриев дар вазни -100кг дар рақобатҳо миёни ҷавонон сазовор гардиданд.
Дар қувваозмоиҳо миёни наврасон 159 варзишгар аз 17 давлат ва миёни ҷавонон 170 варзишгар аз 21 давлат ширкат намуданд. Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон миёни наврасон бо 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ ҷои 7-ум, миёни ҷавонон бошад, бо 2 медали нуқра ҷои 8-умро ишғол кард.
Зимни суҳбат варзишгарон барои дастгирӣ ба Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш изҳори сипос намуда, гуфтанд, ки акнун ба Чемпионати ҷаҳон омодагӣ мебинанд. Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон 25-29 сентябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, миёни ҷавонон 16-20 октябр дар Марокаш баргузор мешавад.