30.07.2019
: 1187
Дар рӯзи дуюми қувваозмоиҳои Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба дзюдо миёни ҷавонон варзишгари тоҷик Шарифҷон Назриев сазовори медали нуқра шуд.
Чемпионати Осиё ва Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон оид ба дзюдо, ки 27 июл дар Тайпейи Чин оғоз гардида буд, имрӯз – 30 июл ба анҷом мерасад.
Шарифҷон дар вазни -100кг дар даври аввал озод буд, сипас бар варзишгари Қирғизистон Оразбек Алмазбеков ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Ӯ дар ин давр варзишгари Қазоқистон Бекарис Садуакасро шикаст дод, вале дар финал аз намояндаи Эрон Алӣ Парҳезгор мағлуб шуда, ҷои дуюмро сазовор гашт.
Дар вазни -81кг варзишгари дигари мо Оламафрӯз Абдураҳмонов ҷои панҷумро ишғол намуд. Оламафрӯз бар варзишгари Кувайт Муҳаммад Албатҳалӣ ғалаба карда, дар чорякфинал аз варзишгари Қазоқистон Нурбек Ортай шикаст хурд. Ӯ баъдан дар қувваозмоии тасаллобахш бо Риҳарӣ Ики аз Австралия дастболо шуда, аммо дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Вуҷин Чоӣ натавонист пирӯз гардад.
Ду варзишгари дигари мо – Эмомризо Анварзода (-90кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (-100кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд.
Дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон 170 варзишгар (100 писар, 70 духтар) аз 21 давлат иштирок доранд.